Дар Суғд оқибатҳои манфии муҳоҷиратро баррасӣ карданд



Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардида, дар он масъалахои марбут ба оқибатҳои манфии муҳоҷират, пешгирии ба узвияти созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро шомил гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ дар конфронс сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал-майори милиса Назарзода Шариф Раҳмон изҳор намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, давоми 5 соли ахир (солҳои 2010-2014) ва ду моҳи соли 2015 дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони милиса 13 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятпешаи террористӣ ва ифротгароро ошкор ва боздошт намуданд, ки шумори умумии аъзои он ба 467 нафар мерасид.

«Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ соли 2010 – 66, соли 2011 – 73, соли 2012- 5, соли 2013 – 31, соли 2014 – 84 ва ду моҳи соли 2015 – 52 нафар шахсони алоқадошта бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароро боздошт намуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Ш.Назарзода, аз шумори умумии боздоштшудагон 82 нафарашон сокинони Истаравшан, 68 нафар – сокинони Исфара, 54 нафар – истиқоматкунадагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 17 нафарӣ аз Конибодому Панҷакент, 11 нафар – сокинони шаҳри Хуҷанд, 20 нафарӣ – сокинони ноҳияҳои Ашту Спитамен, 1 нафар аз шаҳри Чкаловск, 12 нафар – сокинони Шаҳринав, 10 нафар аз ноҳияи Мастчоҳ, 2 нафарӣ – сокинони ноҳияҳои Зафарободу Ғончӣ ва 1 нафарӣ – сокинони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Айнӣ мебошанд.

«Дар ҷараёни амалиёти боздошт ва муқовимати мусаллаҳона 10 тан аз аъзои гурӯҳҳои зикршуда кушта шуда, 109 нафар гумонбар ба узвият дар созмону ҳаракатҳои ифротгаро аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва ҳамчунин  94 нафари онҳо дар ҷустуҷӯи фаврӣ, 18 узви оилаи онҳо ва 34 нафар кӯдакон дар урдӯгоҳҳои махсуси гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар кишварҳои хориҷӣ қарор доранд», – таъкид дошт сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд.

spot_imgspot_img

Популярное