Дар Суғд оқибатҳои манфии муҳоҷиратро баррасӣ карданд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардида, дар он масъалахои марбут ба оқибатҳои манфии муҳоҷират, пешгирии ба узвияти созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро шомил гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни суханронӣ дар конфронс сардори Раёсати ВКД ҶТ […]

Мавлуда Рофиева



Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Муҳоҷирати аҳолӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои муосир: нақши ҷомеа ва мақомоти давлатӣ дар мубориза бо чунин зуҳурот» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардида, дар он масъалахои марбут ба оқибатҳои манфии муҳоҷират, пешгирии ба узвияти созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро шомил гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суханронӣ дар конфронс сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал-майори милиса Назарзода Шариф Раҳмон изҳор намуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, давоми 5 соли ахир (солҳои 2010-2014) ва ду моҳи соли 2015 дар натиҷаи баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони милиса 13 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноятпешаи террористӣ ва ифротгароро ошкор ва боздошт намуданд, ки шумори умумии аъзои он ба 467 нафар мерасид.

«Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ соли 2010 – 66, соли 2011 – 73, соли 2012- 5, соли 2013 – 31, соли 2014 – 84 ва ду моҳи соли 2015 – 52 нафар шахсони алоқадошта бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароро боздошт намуданд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Ш.Назарзода, аз шумори умумии боздоштшудагон 82 нафарашон сокинони Истаравшан, 68 нафар – сокинони Исфара, 54 нафар – истиқоматкунадагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 17 нафарӣ аз Конибодому Панҷакент, 11 нафар – сокинони шаҳри Хуҷанд, 20 нафарӣ – сокинони ноҳияҳои Ашту Спитамен, 1 нафар аз шаҳри Чкаловск, 12 нафар – сокинони Шаҳринав, 10 нафар аз ноҳияи Мастчоҳ, 2 нафарӣ – сокинони ноҳияҳои Зафарободу Ғончӣ ва 1 нафарӣ – сокинони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Айнӣ мебошанд.

«Дар ҷараёни амалиёти боздошт ва муқовимати мусаллаҳона 10 тан аз аъзои гурӯҳҳои зикршуда кушта шуда, 109 нафар гумонбар ба узвият дар созмону ҳаракатҳои ифротгаро аз ҳисоби сокинони вилояти Суғд дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва ҳамчунин  94 нафари онҳо дар ҷустуҷӯи фаврӣ, 18 узви оилаи онҳо ва 34 нафар кӯдакон дар урдӯгоҳҳои махсуси гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар кишварҳои хориҷӣ қарор доранд», – таъкид дошт сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.