Рустами Эмомалӣ Агентии зиддифасодро ба роҳбарӣ гирифт

Тибқи иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз бо фармони сарвари давлат дар сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти назаррас ба вуқӯъ пайваст. Ҳамин тариқ, бо фармони президент Рустами Эмомалӣ, писари калонии сарвари давлат ва сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ таъин карда шуд. Собиқ сардори […]

ASIA-Plus



Тибқи иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон, имрӯз бо фармони сарвари давлат дар сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ тағйироти назаррас ба вуқӯъ пайваст.

Ҳамин тариқ, бо фармони президент Рустами Эмомалӣ, писари калонии сарвари давлат ва сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ таъин карда шуд.

Собиқ сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб ба ҷойи ӯ роҳбари Хадамоти гумрук таъин шуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Асадулло Раҳмон, ки ба ҳайси роҳбари Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҶТ фаъолият дошт, ёвари президент оид ба сиёсати кадрӣ таъин шудааст. Дар ин мансаб ӯ Абдуҷаббор Азизиро иваз намуд, ки вакили палатаи поёнии парлумон интихоб шуд ва коршинсон ба ӯ курсии муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагонро пешгӯӣ мекунанд.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, бо қарори ҳукумати ҶТ, Маҳмадсаид Пиров, ки ба ҳайси муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ ифои вазифа мекард, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати кишвар таъин гардидааст.


Маълумотнома:

Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 ба дунё омада, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Муносибатҳои иқтисодии байнулмилалӣ» хатм кардааст ва шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Русия мебошад.

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият намудааст. Яке аз муасисон ва моликони дастаи футболи «Истиқлол», президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.