Президенти «Истиқлол» медали тиллояшро ба мухлиси маъюб туҳфа кард



Президенти дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидов пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) медали тиллояшро ба мухлиси маъюб туҳфа кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда

дар бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми ФТТ

дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат қувваозмоӣ намуда, футболозони пойтахт бо ҳисоби калони 5 бар 1 пирӯз шуданд ва соли дуюм пайдарпай ба Ҷоми ФФТ соҳиб шуданд.

Гуфта мешавад, баъди ба итмом расидани бозӣ маросими тақдими ҷоизаҳо доир гардида, президенти дастаи «Истиқлол» Шоҳрух Саидов, ки ҳамроҳ бо даста ба медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гардид, пас аз анҷоми ин маросим ба назди мухлиси маъюб дар ароба омада, медали худро ба ӯ туҳфа кард.

Зимнан зикр мегардад, ки маъюб Алик Одинаев сарфи назар аз ҳама гуна вазъи обуҳаво, ҳамеша ба тамошои бозии дастаи «Истиқлол» ҳозир мешавад ва аз ин туҳфа хеле ба ҳаяҷон омадаву миннатпазирӣ изҳор намудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное