ВКД: Мусодираи ҳудуди 50 кило маводи мухаддир дар як шабонарӯз



Давоми як шабонарӯз кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар беш аз 47 кило маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар шаҳри Панҷакент ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии сокини 23-солаи ҳамин шаҳр Иззатулло Ғаффоров аз дохили 2-адад халтаи полиэтиленӣ 31 кило маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, зимни як чорабинии оперативии дигар дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Шералӣ Ҷалолови 31-сола, сокини н.Рӯдакӣ ва Сироҷиддин Шарифови 48-сода , сокини ш.Хуҷанд дастгир гардида, дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтаи гумонбаршудагон ҳудуди 9 кило маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар қаламрави пойтахт низ сокини 43-солаи ноҳияи Панҷ Эмомалӣ Худойназаров дастгир шуда, дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ кормандони оперативии ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ 4 килою 876 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» мусодира намудандаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар пойтахт се нафар сокинони ноҳияи Шуғнон дастгирн шуда, зимни азназаргузаронии хонаи истиқоматии дастгиршудагон 2 килою 297 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ҷамъи маводҳои нашъадори мусодирагардида 47 килою 014 граммро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное