Раиси ҲСДТ: Президент дигар ба атрофиёни худ эътимод надорад



Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки бо таъини писари худ – Рустами Эмомалӣ ба мансаби роҳбари Агентии зиддифасод, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниятҳои ҷидддӣ оид ба роҳандозии муборизаи беамон бо коррупсияро нишон дод, ки тайи солҳои ахир хеле амиқ реша давонидааст.

Ба гуфтаи ӯ, тасмими президент оид ба сафарбар намудани фарзанди камтаҷрибаи худ ба мубориза бо чунин зуҳуроти ҷиддӣ чун коррупсия маънои онро дорад, ки сарвари давлат дар чунин масъалаҳои муҳим дигар ба атрофиёни худ эътимод надорад.

«Бо таъини писари худ ба чунин вазифаи пурмасъул Э.Раҳмон нишон доданист, ки ӯ озодии сармоягузорӣ ба иқтисоди кишварро кафолат дода, комилан ҷонибдори ҳимояи манфиатҳои тоҷирон ва мардуми оддӣ аст, аммо то кадом андоза ба эътимоди сарвари давлат соҳиб шудани писарашро вақт нишон медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси ҲСДТ, ҳуқуқшинос Щокирҷон Ҳакимов чунин мешуморад, ки ба вазифаи директори Агентии зиддифасод таъин шудани Рустами Эмомалӣ гувоҳи он аст, ки раҳбарияти сиёсии кишвар зарурат ва муҳим будани мубориза бо коррупсияро ҳамчун омили стратегии беҳбуди сифати некӯаҳволии мардум дарк намудааст. «Аммо ба назар мерасад, ки ба ҷуз Рустами Эмомалӣ, дигар касе воқеъан ҳам бо коррупсия мубориза бурда наметавонад», – гуфт Ҳакимов.

Муовини раиси ҲСДТмутмаин аст, ки таъиноти нав масъулияти бузургеро ба дӯши Рустами Эмомалӣ вогузор мекунад, зеро асосан ба коррупсия машғул будани киву кадом сохторҳо маълум аст.

spot_imgspot_img

Популярное