Шабдолов: Президент ба таъини наздиконаш ба мансабҳои баланди давлатӣ ҳуқуқ дорад

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки пас аз интихоботи парлумонии 1 март, ки  дар палатаи поёнии парлумон дигар барои президент умуман ҳеҷ рақибе боқӣ намонд, ӯ масъулияти ояндаи кишварро пурра ба дӯши худ гирифт. «Президент ба ҳама нишон дод, ки масъулият барои тақдири кишвар, мардуми онро бо касе тақсим карданӣ […]

Аваз Юлдошев



Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки пас аз интихоботи парлумонии 1 март, ки  дар палатаи поёнии парлумон дигар барои президент умуман ҳеҷ рақибе боқӣ намонд, ӯ масъулияти ояндаи кишварро пурра ба дӯши худ гирифт.

«Президент ба ҳама нишон дод, ки масъулият барои тақдири кишвар, мардуми онро бо касе тақсим карданӣ нест ва танҳо вақт довар хоҳад буд, ки то кадом андоза ӯ аз уҳдаи иҷрои ин масъулият мебарояд”» – изҳор дошт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс раиси ҲКТ.

Дар робита ба таъини писари президент Рустами Эмомалӣ ба мансаби роҳбари Агентии зиддифасод, Шабдолов қайд кард, ки Конститутсия ба президент таъини хешону наздиконаш ба мансабҳои баланди давлатиро манъ накардааст. «Лекин то кадом дараҷа асосноку мувофиқи мақсад будани чунин таъинотро бояд худи президент андеша кунад», – илова намуд Шабдолов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.