Э.Раҳмон интихоботро шаффофу озод ва демократӣ номид

Зимни суханронӣ назди ҳайати нави палатаи поёнии парлумон имрӯз, 17 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоботи парлумонии санаи 1 март дар ҷумҳурӣ доиргардидаро шаффофу озод ва демократӣ номид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент таъкид дошт, ки дар фазои озоду демократӣ баргузор гардидани ин маъракаи сиёсиро намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нозирони милливу […]

ASIA-Plus



Зимни суханронӣ назди ҳайати нави палатаи поёнии парлумон имрӯз, 17 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоботи парлумонии санаи 1 март дар ҷумҳурӣ доиргардидаро шаффофу озод ва демократӣ номид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент таъкид дошт, ки дар фазои озоду демократӣ баргузор гардидани ин маъракаи сиёсиро намояндагони ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нозирони милливу байналмилалӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ карданд.

Зикр гардид, ки дар интихобот 285 нафар номзадҳо, аз ҷумла 80 нафар ба тариқи худпешбарӣ ба таври озод ширкат намуда, дар ин маъракаи сиёсӣ 3 миллиону 791 ҳазору 827 нафар ё 87,7 фоизи шаҳрвандони кишвар, ки дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд, фаъолона иштирок карданд.

Президенти кишвар аз сатҳи баланди касбии ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноат карда, аз ҷумла хотирнишон намуд, ки 12 нафар вакил занон, гурӯҳи калони онҳо ҷавонони болаёқату ташаббускор, 2 академик, 8 доктори илмҳо ва 17 нафар номзади улум мебошанд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаи асосии худ, яъне таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба нафъи ҷомеа ва давлат нигаронда шудаанд, ҳамчунин рафти иҷрои қонунҳо ва қарорҳои қабулшударо бояд пайваста зери назорат бигирад.

Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаҳои пурмасъулияту тақдирсоз, ки дар назди Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна, таъмини рушди босуботи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум истодаанд, ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки давоми панҷ соли фаъолияти ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои тақдирсоз ноил мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.