Раиси ҲСДТ: Президент дигар ба атрофиёни худ эътимод надорад

Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки бо таъини писари худ – Рустами Эмомалӣ ба мансаби роҳбари Агентии зиддифасод, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниятҳои ҷидддӣ оид ба роҳандозии муборизаи беамон бо коррупсияро нишон дод, ки тайи солҳои ахир хеле амиқ реша давонидааст. Ба гуфтаи ӯ, тасмими президент оид ба сафарбар намудани фарзанди камтаҷрибаи […]

ASIA-Plus



Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки бо таъини писари худ – Рустами Эмомалӣ ба мансаби роҳбари Агентии зиддифасод, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ниятҳои ҷидддӣ оид ба роҳандозии муборизаи беамон бо коррупсияро нишон дод, ки тайи солҳои ахир хеле амиқ реша давонидааст.

Ба гуфтаи ӯ, тасмими президент оид ба сафарбар намудани фарзанди камтаҷрибаи худ ба мубориза бо чунин зуҳуроти ҷиддӣ чун коррупсия маънои онро дорад, ки сарвари давлат дар чунин масъалаҳои муҳим дигар ба атрофиёни худ эътимод надорад.

«Бо таъини писари худ ба чунин вазифаи пурмасъул Э.Раҳмон нишон доданист, ки ӯ озодии сармоягузорӣ ба иқтисоди кишварро кафолат дода, комилан ҷонибдори ҳимояи манфиатҳои тоҷирон ва мардуми оддӣ аст, аммо то кадом андоза ба эътимоди сарвари давлат соҳиб шудани писарашро вақт нишон медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси ҲСДТ, ҳуқуқшинос Щокирҷон Ҳакимов чунин мешуморад, ки ба вазифаи директори Агентии зиддифасод таъин шудани Рустами Эмомалӣ гувоҳи он аст, ки раҳбарияти сиёсии кишвар зарурат ва муҳим будани мубориза бо коррупсияро ҳамчун омили стратегии беҳбуди сифати некӯаҳволии мардум дарк намудааст. «Аммо ба назар мерасад, ки ба ҷуз Рустами Эмомалӣ, дигар касе воқеъан ҳам бо коррупсия мубориза бурда наметавонад», – гуфт Ҳакимов.

Муовини раиси ҲСДТмутмаин аст, ки таъиноти нав масъулияти бузургеро ба дӯши Рустами Эмомалӣ вогузор мекунад, зеро асосан ба коррупсия машғул будани киву кадом сохторҳо маълум аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.