С.Аслов ҳамтои кувайтии худро ба Тоҷикистон даъват намуд



Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт  Шайх Сабоҳ Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот нахуст даъватномаи расмии вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов ба ҳамтои худ, муовини аввали сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт  Шайх Сабоҳ Холид ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон тақдим карда шуд, ки аз ҷониби кувайтӣ ин даъват ба хушӣ пазируфта шуд.

Ҳамчунин зимни мулоқот роҷеъ ба 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, самтҳои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, танзим намудани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, масъалаи кушодани сафорати Кувайт дар Тоҷикистон  ва ҳамоҳангиҳое, ки зимни сафари давлатии президенти ҶТ ба Давлати Кувайт соли 2013, аз қабили бунёди беморхонаи байналмилалӣ дар Душанбе ҳосил шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Кувайт таъкид намуд, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015 ҳайати баландпояи Давлати Кувайт иштирок хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное