Анонс
– Дар Душанбе иҷлосияи нахустини тадорукотии вакилони тозаинтихоби палатаи поёнии парлумон доир мегардад.
Қ
урби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА –
5.6258
сомонӣ;
1
евро –
5.9439
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.0912
сомонӣ.
Як р
ӯ
зи таърих
1991
– Дар раъйпурсии умумииттифоқӣ аз чор се ҳиссаи овоздиҳандагон ба ҷонибдории боқӣ мондани Иттиҳоди Шӯравӣ раъй доданд. Худи ҳамон сол ИҶШС пош хӯрд.
2003
– Президент Э.Раҳмонов бо маърӯза дар Форуми ҷаҳонии об дар Киото (Ҷопон) суханронӣ намуда, пешниҳод намуд, ки аз соли 2005 Даҳсолаи байнулмилалии оби тоза эълон карда шавад. Моҳи декабр ин ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби СММ расман дастгирӣ ёфт.
2007
— Президенти ҶТ дар бораи ифтитоҳи сафоратҳои Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷопон ва ҳамчунин Консулгарии генералии ҶТ дар Дубай (АМА) фармон ба имзо расонид.
2010
— Дар Душанбе дар синни 59-солагӣ пешвои маънавӣ ва сиёсии ҲНИТ Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз олам даргузашт.
2010
— Сарони кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон баргузор намудани ташхиси байнулмилалии лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги барқи обии нав дар минтақаро тақозо намуданд.
1910
– Зодрӯзи оҳангсоз, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Шариф Бобокалонов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, нимаи дуюми рӯз баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +10+15.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришот дар назар аст.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +5+10.
Дар Вилояти Мухтори К
ӯ
ҳистони Бадахшон
— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти начандон зиёд (борон, барф) дар назар аст.
Ҳарорат: дар ғарб шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар шарқи вилоят шабона -8-13, рӯзона -3+2.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, нимаи дуюми рӯз баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +7+12.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.
Дар шаҳри Ху
ҷ
анд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришо.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +15+17.
Дар шаҳри Қ
ӯ
рғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +18+20.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +8+10.



