Дар Британияи Кабир рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 21 март ба муносибати ҷашни Наврӯз чорабинии идона доир мегардад.
Чорабинии идона дар меҳмонхонаи панҷситорадори Conrad St James дар маркази шаҳри Лондон баргузор мшавад. Чорабинӣ аз ҷониби ташкилоти хайрияи Tajikinvest Charitable Trust, сафорати ҶТ ва Намояндагии тиҷоратии ҶТ дар Британияи Кабир созмон дода мешавад.
Дар чорабинӣ намояндагони ҷамъияти тоҷикон аз саросари Аврупо, дӯстон ва ҳаводорони ҳунару анъанаҳо ва фарҳанги Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт. Барои ҳунарнамоӣ дар чорабинӣ овозхони маъруф Ҷонибек Муродов низ аз Душанбе даъват шудааст.
Яке аз ҳадафҳои баргузории ҷашни мазкур иқдоми хайрия дар бахши маориф барои ҷавонони қобилиятнок аз Тоҷикистон аст. Тамоми маблағи ҷамъшуда аз чорабинии мазкурро дастандаркорони он ба дастгирии Худойбердӣ Кокелов, ки бо модараш дар шаҳри Қӯрғонтеппа иқомат дорад, равона мекунанд. (Маълумоти муфассал бо суроғаи:
http://www.gofundme.com/na97ow
).
Як моҳ пеш Худойбердӣ ба стипендияи мактаби байнулмилалии ISAK дар Ҷопон соҳиб шуд. Стипендия ба қисмати зиёди хароҷоти ӯ барои се соли минбаъдаи таҳсил кофӣ аст, лекин ҷиҳати пардохти билети ҳавопаймо (2400 $), суғуртаи тиббӣ (900 $), сарулибос (1500 $) ва дигар хароҷоти рӯзмарра (720 $) маблағ ҷамъоварӣ кардан зарур аст.
Айни замон ба дастгирии Худойбердӣ 1 ҳазору 987 доллари ИМА ва ноутбук ҷамъоварӣ шуда, тайи 18 рӯзи ахир 30 нафар аз ӯ дастгирӣ карданд. Барои амалисозии орзуи ӯ боз ҳууди 5 ҳазор доллари ИМА маблағ зарур аст.



