Ҳунарнамоии Ҷонибек Муродов дар шоми хайрия дар Лондон

Дар Британияи Кабир рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 21 март ба муносибати ҷашни Наврӯз чорабинии идона доир мегардад. Чорабинии идона дар меҳмонхонаи панҷситорадори Conrad St James дар маркази шаҳри Лондон баргузор мшавад. Чорабинӣ аз ҷониби  ташкилоти хайрияи Tajikinvest Charitable Trust, сафорати ҶТ ва Намояндагии тиҷоратии ҶТ дар Британияи Кабир созмон дода мешавад. Дар чорабинӣ намояндагони ҷамъияти […]

Азамат Султонов, Лондон



Дар Британияи Кабир рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 21 март ба муносибати ҷашни Наврӯз чорабинии идона доир мегардад.

Чорабинии идона дар меҳмонхонаи панҷситорадори Conrad St James дар маркази шаҳри Лондон баргузор мшавад. Чорабинӣ аз ҷониби  ташкилоти хайрияи Tajikinvest Charitable Trust, сафорати ҶТ ва Намояндагии тиҷоратии ҶТ дар Британияи Кабир созмон дода мешавад.

Дар чорабинӣ намояндагони ҷамъияти тоҷикон аз саросари Аврупо, дӯстон ва ҳаводорони ҳунару анъанаҳо ва фарҳанги Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт. Барои ҳунарнамоӣ дар чорабинӣ овозхони маъруф Ҷонибек Муродов низ аз Душанбе даъват шудааст.

Яке аз ҳадафҳои баргузории ҷашни мазкур иқдоми хайрия дар бахши маориф барои ҷавонони қобилиятнок аз Тоҷикистон аст. Тамоми маблағи ҷамъшуда аз чорабинии мазкурро дастандаркорони он ба дастгирии Худойбердӣ Кокелов, ки бо модараш дар шаҳри Қӯрғонтеппа иқомат дорад, равона мекунанд. (Маълумоти муфассал бо суроғаи:

http://www.gofundme.com/na97ow

).

Як моҳ пеш Худойбердӣ ба стипендияи мактаби байнулмилалии ISAK дар Ҷопон соҳиб шуд. Стипендия ба қисмати зиёди хароҷоти ӯ барои се соли минбаъдаи таҳсил кофӣ аст, лекин ҷиҳати пардохти билети ҳавопаймо (2400 $), суғуртаи тиббӣ (900 $), сарулибос (1500 $) ва дигар хароҷоти рӯзмарра (720 $) маблағ ҷамъоварӣ кардан зарур аст.

Айни замон ба дастгирии Худойбердӣ 1 ҳазору 987 доллари ИМА ва ноутбук ҷамъоварӣ шуда, тайи 18 рӯзи ахир 30 нафар аз ӯ дастгирӣ карданд. Барои амалисозии орзуи ӯ боз ҳууди 5 ҳазор доллари ИМА маблағ зарур аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.