Воридоти ҳамагӣ ҳудуди 95 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 2 моҳ

Дар зарфи 2 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 95 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 31% камтар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои январ-феврали соли 2015 ба Тоҷикистон ба маблағи 67,3 млн. доллари ИМА 94,7 ҳазор тонна […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 2 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 95 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 31% камтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои январ-феврали соли 2015 ба Тоҷикистон ба маблағи 67,3 млн. доллари ИМА 94,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст. Тӯли 2 моҳи соли 2014 ба Тоҷикистон ба маблағи 114,3 млн. доллари ИМА 136,9 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, ба Тоҷикистон соли 2012 — 373,7 ҳазор тонна, соли 2013 – 375,8 ҳазор тонна ва соли 2014 – 579,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст. Маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия интиқол дода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба 

тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 

ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.