Омбудсмен афзоиши маблағгузорӣ ба маҳбасҳоро тавсия медиҳад

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода дар гузориш барои соли 2014 ба ҳукумат афзоиши маблағгузорӣ баҳри беҳбуди шароити маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳиро тавсия медиҳад. Дар гузориш қайд мешавад, ки соли 2014 дар муассисаҳои муолиҷавии зертобеъи Вазорати адлияи Тоҷикистон 80 нафар маҳкумшудагон аз олам даргузаштанд, ки 25 нафари онҳо аз бемории сил ва […]

Аваз Юлдошев



Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода дар гузориш барои соли 2014 ба ҳукумат афзоиши маблағгузорӣ баҳри беҳбуди шароити маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳиро тавсия медиҳад.

Дар гузориш қайд мешавад, ки соли 2014 дар муассисаҳои муолиҷавии зертобеъи Вазорати адлияи Тоҷикистон 80 нафар маҳкумшудагон аз олам даргузаштанд, ки 25 нафари онҳо аз бемории сил ва боқимонда бар асари дигар бемориҳо фавтидаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар гузориш оид ба қатъи интиқоли барқ дар муассисаҳои ислоҳӣ низ маълумот дода шуда, зикр мегардад, ки соли 2014 Омбудсмен аз 5 муассисаҳои ислоҳӣ – тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хоруғ, муассисаи ислоҳӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигар муассисаҳои боздид намуда, дар баъзе аз муассисаҳо мушкилоти таъминот бо нерӯи барқ мавҷуд будааст.

«Раҳбарияти ин муассисаҳо ба Омбудсмен изҳор намудаанд, ки тез-тез қатъ шудани интиқоли барқ ба таъмини амният дар муассисаҳои ислоҳӣ монеъаҳо эҷод мекунад ва аз ин рӯ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ҳукуматдорон дархост мекунад, ки муассисаҳои ислоҳӣ мунтазам бо барқ таъмин карда шаванд», – омадааст дар гузориш.

Дар гузориши Омбудсмен  ҳамчунин аз мушкилоти дигари муассисаҳои ислоҳӣ – таъмини маҳкумшудагон бо кор низ сухан меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.