Сокинони Исфара ва Ботканд Наврӯзро сари як дастурхон ҷашн мегиранд

Раҳбарияти ноҳияи Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистони кишвари ҳамсояи Қирғизистон раҳбарият, намояндагони аҳли ҷомеа, зиёиён ва гурӯҳҳои эҷодии шаҳри Исфараро ба таҷлили ҷашни Наврӯз, ки санаи 21 март дар ин сарзамини Қирғизистон доир мегардад, даъват намуд. Як намояндаи мақомоти шаҳрдории Исфара ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар чорабиниҳои идона дар Ботканд мусобиқаҳои варзишӣ […]

Аваз Юлдошев



Раҳбарияти ноҳияи Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистони кишвари ҳамсояи Қирғизистон раҳбарият, намояндагони аҳли ҷомеа, зиёиён ва гурӯҳҳои эҷодии шаҳри Исфараро ба таҷлили ҷашни Наврӯз, ки санаи 21 март дар ин сарзамини Қирғизистон доир мегардад, даъват намуд.

Як намояндаи мақомоти шаҳрдории Исфара ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар чорабиниҳои идона дар Ботканд мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки намояндагони ҳарду ҷониб доир гардида, сари дастурхони идона масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо баррасӣ мешаванд ва санъаткорони тоҷику қирғиз дар як саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 22 март дар шаҳри Исфара низ бо иштироки намояндагони ҳарду ҷониб ба ин монанд чорабинӣ баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.