Мақомоти шаҳрдории Душанбе имрӯз, 18 март дар робита ба пахши сюжет дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон доир ба муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» изҳороти навбатӣ интишор намуд.
Дар посухи мақомоти шаҳрдории пойтахт қайд мешавад, ки интиқоди журналистони шабакаи телевизион нисбати муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» дар асоси то имрӯз роҳбар надоштани иншоот асоси воқеъӣ надорад.
«Боғи «Наврӯзгоҳ» ва фаввораҳою шаршараи он, тавре дар гузориши журналисти «закӣ» «воқеъбинона» зикр гашт, ки то ҳол барои нигоҳдорӣ роҳбарият надорад, гуфтанием, ки осуда бошанд, он бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 221 аз 20 майи соли 2014 «Дар бораи тасдиқи санади комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта» ба тавозуни Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» супорида шудааст ва мутобиқ ба он дар нигаҳдории иншоот Муассисаи мо масъулият дошта, вазифаашро иҷро менамояд»,- омадааст дар посухи мақомоти шаҳрдорӣ.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар посух ба раҳбарияти Шабакаи аввали телевизион хотиррасон менамояд, ки дар мавсими зимистон фаввораву шаршараҳои тамоми кишварҳои ҷаҳон, ки иқлимашон бо Тоҷикистон якхела ва ё сардтар аст, умуман кор намекунанд.



