Идомаи «муноқиша»-и лафзӣ миёни Шабакаи аввали ТВ ва шаҳрдории пойтахт

Мақомоти шаҳрдории Душанбе имрӯз, 18 март дар робита ба пахши сюжет дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон доир ба муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» изҳороти навбатӣ интишор намуд. Дар посухи мақомоти шаҳрдории пойтахт қайд мешавад, ки интиқоди журналистони шабакаи телевизион нисбати муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» дар асоси то имрӯз роҳбар надоштани иншоот асоси воқеъӣ надорад. «Боғи «Наврӯзгоҳ» ва фаввораҳою  […]

ASIA-Plus



Мақомоти шаҳрдории Душанбе имрӯз, 18 март дар робита ба пахши сюжет дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон доир ба муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» изҳороти навбатӣ интишор намуд.

Дар посухи мақомоти шаҳрдории пойтахт қайд мешавад, ки интиқоди журналистони шабакаи телевизион нисбати муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» дар асоси то имрӯз роҳбар надоштани иншоот асоси воқеъӣ надорад.

«Боғи «Наврӯзгоҳ» ва фаввораҳою  шаршараи он, тавре дар гузориши журналисти «закӣ» «воқеъбинона» зикр гашт, ки то ҳол барои нигоҳдорӣ роҳбарият надорад, гуфтанием, ки осуда бошанд, он бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 221 аз 20 майи соли 2014 «Дар бораи тасдиқи санади комиссияи давлатии қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта» ба тавозуни Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» супорида шудааст ва мутобиқ ба он дар нигаҳдории иншоот Муассисаи мо масъулият дошта, вазифаашро иҷро менамояд»,- омадааст дар посухи мақомоти шаҳрдорӣ.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар посух ба раҳбарияти Шабакаи аввали телевизион хотиррасон менамояд, ки дар мавсими зимистон фаввораву шаршараҳои тамоми кишварҳои ҷаҳон, ки иқлимашон бо Тоҷикистон якхела ва ё сардтар аст, умуман кор намекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.