БОР нақшаи зиддибуҳронии ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки осиёгии рушд (БОР) Умеш Кумарро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарввари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону ин муассисаи молиявии бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуда, ба масоили вобаста ба таҳияи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2016-2020 таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Тавре зикр […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки осиёгии рушд (БОР) Умеш Кумарро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарввари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону ин муассисаи молиявии бонуфузи минтақавӣ баррасӣ шуда, ба масоили вобаста ба таҳияи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2016-2020 таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд.

Тавре зикр гардид, дар доираи стратегияи мазкур тибқи Нақшаи индикативии бонк барои солҳои 2015-2017 ба Тоҷикистон зиёда аз 240 миллион доллари америкоӣ ҷудо карда мешавад. Бо назардошти афзоиши таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон имконоти афзун намудани дастгирии кишвар аз ҷониби Бонки осиёии рушд муҳокима гардид.

Интизор меравад, ки Бонки осиёии рушд барои татбиқи босамари Нақшаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки назаррас расонад.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин доир ба имконоти маблағгузории лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа ва Роғун-Нуробод, идома додани навсозии нерӯгоҳи Норак ва татбиқи дигар лоиҳаҳои афзалиятнок гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.