Суғд: Дархости волидони ифротгароёни маҳкумшуда аз вазир оид ба озодии фарзандон

Ба қабули вазири корҳои дохилӣ шаҳрвандони зиёди вилояти Суғд, аз он ҷумла, аз ноҳияҳои дурдаст, монанди Айниву Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳу Шаҳристон ташриф овардаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, муроҷиатҳои шаҳрвандон гуногун буда, баъзе падару модарони шаҳрвандоне, ки фарзандони онҳо барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз қабили «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ» ва ғайра […]

ASIA-Plus



Ба қабули вазири корҳои дохилӣ шаҳрвандони зиёди вилояти Суғд, аз он ҷумла, аз ноҳияҳои дурдаст, монанди Айниву Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳу Шаҳристон ташриф овардаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, муроҷиатҳои шаҳрвандон гуногун буда, баъзе падару модарони шаҳрвандоне, ки фарзандони онҳо барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз қабили «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ» ва ғайра дар маҳбас қарор доранд, аз вазири корҳои дохилӣ хоҳиш намуданд, ки фарзандони онҳо аз маҳбас озод карда шаванд.

Гуфта мешавад, онҳо ба вазир итминон додаанд, ки фарзандонашон аз кардаи худ пушаймон буда, гумроҳ шуда ба ин равияҳо аъзо гардидаанд ва бархе аз онҳо 4-5 фарзанд дошта, мехоҳанд ба назди оилаҳои худ баргарданд ва ба зиндагии осоишта машғул шаванд.

Зимнан зикр мегардад, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ҳамкории зич миёни мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуда,  шукри тинҷию ободии кишварро карданд ва доир ба шахсони шубҳанок, ки аъзои равияҳои ғайриқонунӣ мебошанд, ба вазири корҳои дохилӣ маълумот доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.