Мусоидати БҶ ба беҳбуди хизматрасонии коммуналӣ барои аҳолии Тоҷикистон

Имрӯз Раёсати директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) маблағи грантиро  дар  ҳаҷми  13,50  миллион  доллари  ИМА  ҷиҳати  маблағгузории  Лоиҳаи  Хазинаи  рушди хизматрасониҳои коммуналӣ дар Тоҷикистон, ки ба беҳсозии хадамоти асосии коммуналӣ барои аҳолӣ нигаронида шудааст, ба тасвиб расонид.  Дар иттилоияи расмии БҶ дар ин робита зикр мегардад, ки лоиҳа ба сармоягузориҳо ва ислоҳоти дар гузашта дар  […]

Иттилоияи расмӣ



Имрӯз Раёсати директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) маблағи грантиро  дар  ҳаҷми  13,50  миллион  доллари  ИМА  ҷиҳати  маблағгузории  Лоиҳаи  Хазинаи  рушди хизматрасониҳои коммуналӣ дар Тоҷикистон, ки ба беҳсозии хадамоти асосии коммуналӣ барои аҳолӣ нигаронида шудааст, ба тасвиб расонид. 

Дар иттилоияи расмии БҶ дар ин робита зикр мегардад, ки лоиҳа ба сармоягузориҳо ва ислоҳоти дар гузашта дар  бахши  коммуналӣ  амалишуда,  ки  зиёда  аз  як  миллион  аҳолии  шаҳри  Душанбе  ва  шаҳрҳои миёнаҳаҷм аз он баҳра бурданд, такя мекунад.

“Ниёзҳои  инфрасохтори  мунисипалии  шаҳрҳои  миёнаҳаҷм  дар  Тоҷикистон  назаррас  буда  80 фоизи  инфрасохтор  барқарорсозиро  тақозо  мекунад,”  – мегӯяд  Патрисия  Виверз-Картер, Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон.  – Аҳолии  шаҳрҳои  мазкур  аз  лоиҳаи  нав баҳра мебаранд, аз он ҷумла мардуми камбизоат, ки барои онҳо хизматрасонии  обтаъминкунӣ, беҳдошт дар ҷои истиқомат ва идоракунии партовҳои сахт, чароғонкунии кӯчаҳо ва нигоҳдории роҳҳо  беҳтар  мегардад.  Ғайр  аз  ин,  бо  дарназардошти  талаботи  калон  ба  маблағгузорӣ, тавассути  лоиҳа  Хазинаи  рушди  хизматрасонии  коммуналӣ  ташкил  карда  шуда  бо  мақсади дастгирии барномаи устувори сармоягузорӣ дар бахши коммуналӣ  захираҳои миллӣ ва донорҳо 

ҷалб карда мешаванд.”

Лоиҳаи  Хазинаи  рушди  хизматрасониҳои  коммуналӣ  гузаронидани  корҳои  беҳсозӣ  дар инфрасохтори  мунисипалӣ  ва  коммуналиро  дастгирӣ  намуда  иқтидори  мақомоти  маҳаллии ҳокимияти  давлатӣ  ва  корхонаҳои  хизматрасонро  дар  беҳсозии  хизматрасонӣ  барои  аҳолии маҳаллӣ,  тақвият  мебахшад.  Ба  ин  хизматрасониҳо  таъмини  оби  тозаи  нӯшиданӣ,  беҳдошт, идоракунии партовҳои сахт, чароғонкунии кӯчаҳо  ва нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ дохил мешаванд.

Зиёда  аз  100,000  нафар  аҳолӣ  аз  сармоягузорӣ  ба  инфрасохтори  моддӣ  дар  ноҳияҳои  Ҳисор, Конибодом,  Данғара,  Сарбанд,  Восе  ва  Фархор  баҳра  мебаранд.  Ғайр  аз  ин,  лоиҳа  дараҷаи самаранокии  мақомоти  шаҳр  ва  корхонаҳои  маҳаллии  хизматрасонро  ба  таври  зайл  баланд мебардорад: дастгирӣ дар таҳия намудани нақшаҳои маҳаллии сармоягузорӣ, идоракунии иншооти коммуналӣ,  беҳсозии  раванди  пешниҳоди  ҳисоб  ва  ҷамъоварии  маблағ  ва  ҷалби  аҳолӣ  ба идоракунӣ ва нигоҳдории иншооти ба он сармоягузоридашуда.

Бахши муҳимми лоиҳа дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмондиҳии Хазинаи рушди хизматрасониҳои  коммуналӣ  ба  ҳисоб  меравад  ва  он  механизмест,  ки  захираҳои  миллӣ  ва донорҳоро  ҷиҳати  маблағгузории  самарабахш  ва  дарозмуддат  ва  хизматрасонии  коммуналӣ  ба аҳолӣ ба ҳам меорад.  Лоиҳа дар давоми чор сол аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” амалӣ хоҳад шуд.

Ғайр  аз  ин  лоиҳаи  нав,  фаъолияти  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  бахши  коммуналии  Тоҷикистон  ду  лоиҳаи ҷориро  дар  бар  мегирад  –  Лоиҳаи  дуввуми  обтаъминкунии  шаҳри  Душанбе  ва  Маблағгузории иловагӣ  барои  Лоиҳаи  рушди  инфрасохтори  мунисипалӣ,  ки  тавассути  татбиқи  ислоҳоти институтсионалӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ ба ҳалли мушкилоти соҳаи обтаъминкунӣ, беҳдошт ва идоракунии партовҳои сахт равона шудаанд.

Сандуқи фаъоли Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон    аз 21 лоиҳа иборат аст, ки маблағи умумии онҳо  $283,4  миллион  доллари  ИМА-ро  ташкил  медиҳад.  Ҳиссаи  бузургтарини  сандуқ  ба  соҳаи кишоварзӣ  рост  меояд  (24  фоиз),  баъди  он  рушди  шаҳр  ва  деҳот  (21  фоиз),  нақлиёт  (16  фоиз), идоракунӣ  ва  сиёсати  иқтисодӣ  (9  фоиз),  муҳити  зист  ва  захираҳои  табиӣ  (7  фоиз),  маориф  (6 фоиз),  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  (6  фоиз), обтаъминкунӣ  (6  фоиз),  бахши хусусӣ  (4  фоиз)  ва ҳифзи иҷтимои ва меҳнат  (1  фоиз)  қарор ёфтаанд.  Аз соли  1996  инҷониб,  Бонки ҷаҳонӣ зиёда аз $1  миллиард  доллари  ИМА-ро  дар  шакли  грант  ва  қарзҳои  имтиёзнок  тавассути  Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва захираҳои фондҳои мақсаднок ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ барои идомаи дастгирии Тоҷикистон омодаа аст, зеро кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда талаботҳои аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.