Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) «Васеъгардонии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEET)» азназаргузаронии фосилавии рафти татбиқи лоиҳаро дар бинои Бизнес–Инкубатори (БИ) Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) доир намуд.
Тавре аз намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, дастаи лоиҳа фаъолият ва дастовардҳои лоиҳаро дар соли аввали фаъолияти он ҷамъбаст намуда¸ онро бо намояндагони ИА ва GIZ мавриди муҳокима қарор дод.
Лоиҳаи мазкур дар давоми сол бомуваффақият инкишоф ёфт ва дар самти комёб гардидан ба натиҷаҳои ба нақшаи гирифташудаи лоиҳа ҳаракат менамояд.
Дар доираи барномаи баландбардории иқтидори АМЗСТ, чор тренинг барои кормандон оид ба мавзӯҳои дахлдор гузаронида шуд, ки баъди онҳо АМЗСТ раванди тағир додани сиёсати аъзогиро ташаббус намуда, кори ташкилиро дар самти эдвокаси ба роҳ монд. Бо дастгирии мушовирони берунӣ якчанд корҳои таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ гузаронида шуд.
АМЗСТ дар ин давра барномаи амалиётро тартиб дода, шабакаро барои пешниҳоди таклифҳои худ ба муассисаҳои давлатӣ, ҷамъият ва ВАО оиди беҳтаргардонии бизнес иқлим барои рушди соҳибкории занон ба роҳ монд.
Ҳодисаҳои асосии лоиҳа дар соли аввал ин татбиқи ташкили Бизнес симпозиуми занони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, инчунин ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол Ҷоизаи «Фараҳ 2014» гардид. Дар чорабиниҳои мазкур Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон иштирок намуд, ки дар навбати худ оиди малакаи худ бобати рушди соҳикбории занон дар минтақа маълумот доданд.
Лоиҳаи “Васеъгардонии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои иқтисодии занони Точикистон (TWEET)”, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи «Сармояҳо дар Осиёи Марказӣ» маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа ба беҳтаргардонии бизнес – муҳити муасаиcсаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон, ки занон роҳбарӣ менамоянд, нигаронида шудааст.



