Мусоидати ИА ба тавсеъаи ҳуқуқ ва имкони занони соҳибкор

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) «Васеъгардонии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEET)» азназаргузаронии фосилавии рафти татбиқи лоиҳаро дар бинои Бизнес–Инкубатори (БИ) Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) доир намуд. Тавре аз намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, дастаи лоиҳа фаъолият ва дастовардҳои лоиҳаро дар соли аввали фаъолияти он ҷамъбаст намуда¸ онро бо намояндагони ИА ва […]

ASIA-Plus



Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) «Васеъгардонии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEET)» азназаргузаронии фосилавии рафти татбиқи лоиҳаро дар бинои Бизнес–Инкубатори (БИ) Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) доир намуд.

Тавре аз намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, дастаи лоиҳа фаъолият ва дастовардҳои лоиҳаро дар соли аввали фаъолияти он ҷамъбаст намуда¸ онро бо намояндагони ИА ва GIZ мавриди муҳокима қарор дод.

Лоиҳаи мазкур дар давоми сол бомуваффақият инкишоф ёфт ва дар самти комёб гардидан ба натиҷаҳои ба нақшаи гирифташудаи лоиҳа ҳаракат менамояд.

Дар доираи барномаи баландбардории иқтидори АМЗСТ, чор тренинг барои кормандон оид ба мавзӯҳои дахлдор гузаронида шуд, ки баъди онҳо АМЗСТ раванди тағир додани сиёсати аъзогиро ташаббус намуда, кори ташкилиро дар самти эдвокаси ба роҳ монд. Бо дастгирии мушовирони берунӣ якчанд корҳои таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ гузаронида шуд.

АМЗСТ дар ин давра барномаи амалиётро тартиб дода, шабакаро барои пешниҳоди таклифҳои худ ба муассисаҳои давлатӣ, ҷамъият ва ВАО оиди беҳтаргардонии бизнес иқлим барои рушди соҳибкории занон ба роҳ монд.

Ҳодисаҳои асосии лоиҳа дар соли аввал ин татбиқи ташкили Бизнес симпозиуми занони Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, инчунин ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Бонуи соҳибкори сол Ҷоизаи «Фараҳ 2014» гардид. Дар чорабиниҳои мазкур Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Осиёи Марказӣ ва Афғонистон иштирок намуд, ки дар навбати худ оиди малакаи худ бобати рушди соҳикбории занон дар минтақа маълумот доданд.

Лоиҳаи “Васеъгардонии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои иқтисодии занони Точикистон (TWEET)”, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар доираи Барномаи «Сармояҳо дар Осиёи Марказӣ» маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа ба беҳтаргардонии бизнес – муҳити муасаиcсаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон, ки занон роҳбарӣ менамоянд, нигаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.