Ҳукми 9 соли зиндон ба ровии маъруфи телевизиони тоҷик

Собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда шуд. Мурофиаи судӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд. Зимни қироати ҳукм судя Сафарбек Нурализода қайд кард, ки М.Ҷӯраева ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд (моддаи 247 […]

Мавзуна Абдуллоева



Собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда шуд. Мурофиаи судӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд.

Зимни қироати ҳукм судя Сафарбек Нурализода қайд кард, ки М.Ҷӯраева ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд (моддаи 247 КҶ ҶТ) гунаҳкор эътироф гардида, бо назардошти мавриди афв қарор гирифтан, сеяки муҳлати ҷазои ӯ кам карда мешавад. Суд ҳамчунин ба ӯ машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дар муддати се соли баъди озодиро низ манъ кард.

Ба гуфтаи модари Муаттара Ҷӯраева, дар сухани ниҳоии худ духтараш изҳор намудааст, ки ҳеҷ гоҳ касеро фиреб надодаасту ба қаллобӣ машғул нашудааст ва қарзро аз шаҳрвандон бо розигии онҳо гирифтаасту дар ин хусус қарордодҳо низ ба имзо расидаанд ва ӯ ҳеҷ гоҳ аз баргардонидани қарзҳо рӯ натофтааст. М.Ҷӯраева аз суд дархост намудааст, ки ӯро озод намоянд, то ки кор карда зиёни расонидааш ба шаҳрвандонро баргардонад, вале суд инро ба инобат нагирифт.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 март айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуда буд, ки Муаттара Ҷӯраева

ба 10 соли зиндон маҳкум карда шавад.

МуаттараҶӯраева дар азхудкунии маблағҳои пулии якчанд шаҳрвандони кишвар, ки аз онҳо онро қарз гирифтаву барнагардонидааст ва ҳамчунин пардохт накардани қарзҳои бонкӣ гумонбар дониста мешавад.

Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар Душанбе дар оилаи забоншиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҷӯраев ба дунё омада, хатмкардаи факултаҳои филология ва молияву қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аввали соли 2000-ум ба ҳайси роҳбари шуъбаи дикторони телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда, соли 2003 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шарафёб гардид. Соли 2005 ба сифати номзад ба вакилӣ ба палатаи поёнии парлумон сабти ном шуда, пас аз нокомӣ дар интихобот кор дар телевизионро тарк кард ва ба тиҷорати хусусӣ машғул шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.