Э.Раҳмон ба сохтмони бинои Театри миллӣ ҳусни оғоз бахшид

Нимаи дуюми рӯзи 17 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки дар паҳлӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост хоҳад кард, оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  бинои Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 17 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони Театри миллии Тоҷикистон, ки дар паҳлӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва боғи Парчами миллии Тоҷикистон қомат рост хоҳад кард, оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  бинои Театри миллии Тоҷикистон аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд.

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошад. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6м буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.

Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Ҷойи таъкид аст, ки лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол бо омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад.

Ба таъкиди мутахассисон, ин театр бузургтарин ва зеботарин чунин иншоот дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.