Сокинони Исфара ва Ботканд Наврӯзро сари як дастурхон ҷашн мегиранд



Раҳбарияти ноҳияи Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистони кишвари ҳамсояи Қирғизистон раҳбарият, намояндагони аҳли ҷомеа, зиёиён ва гурӯҳҳои эҷодии шаҳри Исфараро ба таҷлили ҷашни Наврӯз, ки санаи 21 март дар ин сарзамини Қирғизистон доир мегардад, даъват намуд.

Як намояндаи мақомоти шаҳрдории Исфара ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар чорабиниҳои идона дар Ботканд мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки намояндагони ҳарду ҷониб доир гардида, сари дастурхони идона масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо баррасӣ мешаванд ва санъаткорони тоҷику қирғиз дар як саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 22 март дар шаҳри Исфара низ бо иштироки намояндагони ҳарду ҷониб ба ин монанд чорабинӣ баргузор мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное