Мақомоти шаҳрдории пойтахт супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини оилаи сокини маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулшан Маҷнуноваро бо манзили зист ба иҷро расониданд. Дар ин оила рӯзи 4 феврал чоргоникҳо ба дунё омаданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, оилаи Маҷнуновҳо калиди хонаи сеҳуҷрагии пурра бо мебелу ашёи рӯзгор таъминро дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт ҳанӯз дар арафаи ҷашни Рӯзи модарон, санаи 7 март гирифта буданд.
Ба иттилои манбаъ, Гулшан Маҷнунова ва 4 тифли ӯ то гирифтани манзили нав дар таваллудхона қарор доштанд, зеро дар манзили зисти пешинаашон барои тифлон шароитҳои зарурӣ мавҷуд набуд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврал баъди ба дунё омадани чоргоникҳо дар оилаи Маҷнуновҳо, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
дастур дода буд,
ки ба ин оила манзили сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шавад. Чоргоникҳо – 1 писару 3 духтар дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чашм ба олами ҳастӣ кушоданд.



