Дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз сатҳҳои баландтарини гирифторӣ ба бемории сил миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин бора нашрияи EurasiaNet хабар медиҳад.
Дар гузориши «Мониторинги бемории сил дар соли 2015», ки аз ҷониби Маркази аврпуоии пешгирӣ ва назорати бемориҳо ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таҳия шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки аз рӯйи шумори гирифторӣ ба бемории сил ба ҳар сари аҳолӣ кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба «панҷгонаи пешсафон»-и минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ шомиланд. Дар ин феҳрист Қирғизистон бо сатҳи 141 нафар бемор ба 100 ҳазор аҳолӣ зинаи дуюм, Қазоқистон бо 139 нафар беморони сил ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар зинаи сеюм ва Тоҷикистон бо сатҳи 100 ҳазор нафар бемор ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ зинаи панҷумро ишғол мекунад. Ба ҳисоби миёна дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ 39 нафар ба 100 ҳазор нафар аҳолиро ташкил медиҳад.
Аз лиҳози маргумир аз бемории сил ба ҳар як сари аҳолӣ Туркманистон дар минтақа пешсаф аст, ки 25 ҳолати марг ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд. Дар панҷгонаи кишварҳои дорои нишондиҳандаҳои бадтарин аз ин лиҳоз ҳамчунин Қирғизистон низ ҳузур дорад, ки ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ 11 марг рост меояд.
Дар рӯйхати шумори мутлақи гирифторон бо ҳамаи навъҳои бемории сил низ Қазоқистону Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳарду мақоми сеюмро ишғол намуда, дар ҳар кадоме аз ин кишварҳо 23 ҳазор нафар мубталоёни ин беморӣ ба сар мебаранд.



