Маҳви 20 исёнгар дар Яман аз зарбаҳои ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ

Date:



Ҳавопаймоҳои ҳарбӣ-ҳавоии Арабистони Саудӣ ба мавқеи исёнгарони гурӯҳи «Ҳауси» дар ҳудуди Яман якчанд зарба заданд, ки дар пайи он 20 нафар ҳалок гардида, 30-каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар амалиёт бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро ҳавопаймоҳҳои Миср, Марокаш, Урдун, Судон, Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Баҳрайн низ иштирок доранд.

Гуфта мешавад, ҳукуматдорони як қатор кишварҳо таъкид намуданд, ки дар ҳолати зарурӣ неруҳои мусаллаҳ омодаанд, ки амалиёти заминро низ роҳандозӣ намоянд.

Ёдрас мешавад, ки исёни гурӯҳи «Ҳауси» чанд моҳ боз дар Яман идома дорад. Дар ин муддат исёнгарон пойтахти мамлакат шаҳри Санъо ва як қатор шаҳрҳои азими мамлакатро зери тасарруфи худ гирифтанд.

Чанде қабл гурӯҳи «Ҳауси» тавонистанд шаҳри Таиз ва чанд пойгоҳи низомиро ба ихтиёри худ гиранд. Имрӯзҳо дар атрофи шаҳри Аден бархӯрдҳои мусаллахона идома дорад. Эҳтимол меравад, ки президенти Яман Абдураббу Мансур Ҳодӣ дар ин шаҳри бандарӣ паноҳ дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...