Маҳви 20 исёнгар дар Яман аз зарбаҳои ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ

Ҳавопаймоҳои ҳарбӣ-ҳавоии Арабистони Саудӣ ба мавқеи исёнгарони гурӯҳи «Ҳауси» дар ҳудуди Яман якчанд зарба заданд, ки дар пайи он 20 нафар ҳалок гардида, 30-каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар амалиёт бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро ҳавопаймоҳҳои Миср, Марокаш, Урдун, Судон, Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Баҳрайн низ иштирок […]

ASIA-Plus



Ҳавопаймоҳои ҳарбӣ-ҳавоии Арабистони Саудӣ ба мавқеи исёнгарони гурӯҳи «Ҳауси» дар ҳудуди Яман якчанд зарба заданд, ки дар пайи он 20 нафар ҳалок гардида, 30-каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар амалиёт бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро ҳавопаймоҳҳои Миср, Марокаш, Урдун, Судон, Кувайт, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар ва Баҳрайн низ иштирок доранд.

Гуфта мешавад, ҳукуматдорони як қатор кишварҳо таъкид намуданд, ки дар ҳолати зарурӣ неруҳои мусаллаҳ омодаанд, ки амалиёти заминро низ роҳандозӣ намоянд.

Ёдрас мешавад, ки исёни гурӯҳи «Ҳауси» чанд моҳ боз дар Яман идома дорад. Дар ин муддат исёнгарон пойтахти мамлакат шаҳри Санъо ва як қатор шаҳрҳои азими мамлакатро зери тасарруфи худ гирифтанд.

Чанде қабл гурӯҳи «Ҳауси» тавонистанд шаҳри Таиз ва чанд пойгоҳи низомиро ба ихтиёри худ гиранд. Имрӯзҳо дар атрофи шаҳри Аден бархӯрдҳои мусаллахона идома дорад. Эҳтимол меравад, ки президенти Яман Абдураббу Мансур Ҳодӣ дар ин шаҳри бандарӣ паноҳ дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.