Филиали ДТТ дар Кӯлоб мақоми донишкадаро касб намуд

Бо қарори ҳукумати ҶТ, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) дар Кӯлоб мақоми Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ-ро касб намуд. Директори собиқ филиали донишгоҳ А.Ниёзов, ки то замони таъини ректор роҳбари муассисаи таълимӣ боқӣ мемонад, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо касби мақоми нав мустақилияти муассиса дар […]

Турко Дикаев



Бо қарори ҳукумати ҶТ, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) дар Кӯлоб мақоми Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ-ро касб намуд.

Директори собиқ филиали донишгоҳ А.Ниёзов, ки то замони таъини ректор роҳбари муассисаи таълимӣ боқӣ мемонад, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо касби мақоми нав мустақилияти муассиса дар қабули қарор ва нуфузу эътибори он афзуда, шумори ҳайати кормандон зиёд ва дар кафедраҳо омӯзиши ихтисосҳои нав ба роҳ монда мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ,нахустин тағйирот ин аст, ки ба Донишкада омода намудани 200 нафар донишҷӯён аз рӯйи 8 ихтисос бари минтақаи озодии иқтисодии «Данғара»-ро бовар кардаанд. «Мақоми нави муассиса ба рушду таҳкими ҳамкориҳои мо бо макотиби олии Русия, ки ҳамасола ба онҳо донишҷӯёнамонро мефристем, мусоидат хоҳад кард», – гуфт Ниёзов.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзҳои ҷашни Наврӯз муовини раиси шаҳри Воронеж Надежда Савитская, ки ба муносибати пойтахти фарҳангии кишварҳои узви ИДМ эълон кардани Кӯлоб ба шаҳр омада буд, аз Донишкада боздид намуда, ба донишҷӯёни Кӯлоб, ки дар Донишгоҳи технологии Воронеж ва Академияи кишоварзии ин шаҳр таҳсил мекунанд, мусоидат ва кумаки ҳамаҷониба ваъда кардааст.

Қобили зикр аст, ки филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб аллакай муддати 12 сол фаъолият дошта, имрӯз дар ин муассиса 1721 нафар ва ҳамчунин дар даҳҳо мактабҳои олии Русия боз 1200 нафар донишҷӯёни филиал таҳсил мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.