Дар зарфи 2 моҳи соли равон бо мусоидати мақомоти хадамоти шуғли кишвар беш аз 4,2 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар Тоҷикистон таъмин карда шуданд, ки аз миқдори умумии шаҳрвандони муроҷиаткарда қариб 21,9%-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ, давоми моҳҳои январ-феврали соли 2015 ба Агентии мазкур 19 ҳазору 155 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳри дарёфти кор муроҷиат кардаанд.
«Шумори ками таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ ба сатҳи тахассусии корҷӯён, аз даст додани қобилияту малакаҳои корӣ ба иллати танаффуси зиёд дар кор ва ҳаҷми ночизи музди меҳнати пешниҳодшуда аз ҷониби корфармоён вобаста аст», – мегӯянд дар Агентӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 2 моҳи соли равон беш аз 1,9 ҳазор нафар барои бекорӣ ба маблағи умумии ҳудуди 706,1 ҳазор сомонӣ (132,2 ҳазор $) кӯмакпулӣ гирифтаанд.
Зимнан зикр гардид, ки тайи 2 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 19,2 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 28,6 % зиёдтар аст.



