Изҳороти муштараки кишварҳои узви ИДМ дар СММ оид ба 70-солагии Ғалаба

Дар ҷараёни иҷлосияи 28-уми Шӯроии ҳуқуқи башари СММ рӯзи 27 март дар Женева аз ҷониби давлатҳои Беларус ва Русия бо дастгирии кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар робита ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 изҳороти муштарак садо дод. Бино ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар изҳорот аҳамияти […]

ASIA-Plus



Дар ҷараёни иҷлосияи 28-уми Шӯроии ҳуқуқи башари СММ рӯзи 27 март дар Женева аз ҷониби давлатҳои Беларус ва Русия бо дастгирии кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар робита ба ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 изҳороти муштарак садо дод.

Бино ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар изҳорот аҳамияти муҳими ҷашни Рӯзи Ғалаба – 9 май барои мардуми кишварҳои мо, ки дар несту нобуд кардани фашизм саҳми ҳалкунанда гузошта, ба хисороти зиёди моливу талафоти ҷонӣ дучор шуданд, махсус таъкид шудааст. Дар изҳорот ба ҳамаи ҳалокшудагон дар майдони ҷанг ва қурбониёни фашизм арзи эҳтиром изҳор шудааст.

Гуфта мешавад, дар изҳорот ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пешниҳод шудааст, ки ба масъалаҳои роҳ надодан ба кӯшишҳои ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтани сабақҳои ҷанг ва таҳрифи натиҷаҳои маънавӣ ва ҳуқуқии он таваҷчуҳ зоҳир гардад, зеро қаҳрамонсозӣ аз ҳаракатҳои фашистӣ ва эҳё намудани ақидаҳои он ба ривоҷи таҳаммулнопазирӣ, табъиз, ифротгароӣ ва бадбинӣ дар заминаи этникиву нажодӣ ва мазҳабӣ боис мегардад.

Дар изҳороти муштарак ҳамчунин қайд шудааст, ки бо чунин таҳдидҳо бояд ҳамаи давлат ва халқҳои ҷаҳон мубориза баранд, то ки фоҷеаҳои нав пешгирӣ шуда, барои наслҳои оянда сулҳу амният таъмин гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.