Муовини раиси ҲНИТ: Мо худамон аз саҳнаи сиёсӣ меравем



Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ дар робита ба рӯзи 27 март дар намози ҷумъа дар масҷидҳо садо додани даъватҳо ҷиҳати бастани ҲНИТ изҳор намуд, ки ин кори дасти намояндагони ҳукумат аст.

«Агар ҲНИТ дар буҳрони доимии тамоми бахшҳои кишварро фарогирифта, ривоҷи коррупсия дар ҷумҳурӣ, дар муҳоҷирати корӣ қарор доштани ҳазорон шаҳрвандони кишвар баҳри дарёфти маоши шооиставу таъмини рӯзгор ва дигар норасоиҳо дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон гунаҳкор бошад, пас бигзор ҳукуматдорон, Шӯрои уламо ва ба истилоҳ ватандӯстони Тоҷикистон инро собит созанд ва сипас мо бо онҳо дар масъалаи ба рушди муътадили кишвар монеъа эҷод кардани ҲНИТ ва зарурати манъи фаъолияти он ба мувофиқа мерасем», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Саидумар Ҳусайнӣ

Муовини аввали раиси ҲНИТ ҳамчунин зикр кард, ки «агар ҲНИТ ба амалисозии нақшаҳои ҳуумат ҷиҳати рушду шукуфоии кишвар, таъмини мардуми он бо зиндагии шоиста халал расонад», пас «мо худамон ба тарки саҳнаи сиёсӣ омодаем».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон


матни мавъизаи намози рӯзи ҷумъа


иборат аз 3,5 саҳифа бо имзои шахсе бо ному насаби А.В.Мавлонов дар ихтиёри «Азия-Плюс қарор гирифт, ки дар он аз даъвати имомхатибон ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сухан меравад.

spot_imgspot_img

Популярное