Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 6 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин намуда, ҳамчунин як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тариқ, бо фармони Президенти Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Хайрулло Сафарзода – директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун; Саодат Аминҷонова – муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникии шаҳрии №1, ба номи С.Урунови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд; Меҳринисо Бобобекова – раиси бунёди байналмилалии Хубони порсигӯ; Мурзабай Ҷошбаев – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Абдурасул Насимов – раиси ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.
Ёдрас мекунем, ки аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, 8 нафарашонро президент таъин мекунад. Ба ин гуна ному насаби боз 2 аъзои палатаи болоии парлумони кишвар то ҳол маълум нест.
Ба иттилои манбаъ, қо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, Саидраҳмон Назриев, ки то ин вақт муовини вазири рушди иқтисод ва савдо буд, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо, Хол Ҳайдар муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав, Саъдулло Гардуллозода муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, Сӯҳроб Мирзоев муовини якуми вазири нақлиёт, Ҷамшед Шерматов муовини вазири молия ва Ҷамшед Шоимов муовини вазири энергетика ва захираҳои об таъин гардиданд.
Гуфта мешавад, бо амрҳои президенти Тоҷикистон Шараф Файзуллоев сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, Зафаршо Иброҳимов муовини якуми директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова муовини директори муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки аксари касони ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва ба вазифаҳои нави пурмасъулият дар ҳайати роҳбарии вазорату идораҳо таъингардида кадрҳои ҷавон ва кордону корозмуда мебошанд.



