Раъйдиҳии беш аз 90% дар интихоботи президенти Ӯзбекистон

Соати 20-00-и вақти маҳаллии санаи 29 март раъйдиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон ба итмом расида, фаъолияти зиёда аз 9 ҳазор қитъаҳои интихоботӣ дар саросари ин кишвар қатъ гардид. Раисони комиссияҳои интихоботии қитъавӣ дар ҳузури нозирони байнулмилалӣ қуттиҳои овздиҳиро барои шумурдани раъйҳо боз намуданд, то Комиссияи марказии интихобот имрӯз дар бораи натиҷаҳои пешакии интихобот маълумот […]

ASIA-Plus



Соати 20-00-и вақти маҳаллии санаи 29 март раъйдиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон ба итмом расида, фаъолияти зиёда аз 9 ҳазор қитъаҳои интихоботӣ дар саросари ин кишвар қатъ гардид.

Раисони комиссияҳои интихоботии қитъавӣ дар ҳузури нозирони байнулмилалӣ қуттиҳои овздиҳиро барои шумурдани раъйҳо боз намуданд, то Комиссияи марказии интихобот имрӯз дар бораи натиҷаҳои пешакии интихобот маълумот диҳад.

Замони қатъи фаъолияти қитъаҳои интихоботӣ нишондиҳандаи иштироки раъйдиҳандагон дар интихобот тибқи рӯйхати овоздиҳӣ 91,01% ва шумори овоздиҳандагон беш аз 18 млн. 928 ҳазор ҳазор нафар арзёбӣ гардид.

Бино ба иттилои

хабаргузории TojNews

, Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар ҳанӯз соати 10-и 29-уми март эълон дошт, ки 33%-и интихобкунандаҳо раъй додаанд, ки тибқи қонунгузории ин кишвар, интихобот баргузоршуда дониста мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботии мазкур чор номзад – аз Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон президенти кунунӣ Ислом Каримов, аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон раиси Шӯрои марказии ин ҳизб Ҳотамҷон Кетмонов, аз Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон раиси Шӯрои сиёсӣ ва Кумитаи иҷроияи ҳизб Наримон Умаров ва аз Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон узви фраксия дар парлумон Акмал Саидов ба мансаби президентӣ дар Ӯзбекистон довталабӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.