Иштироки Парлумони Аврупо дар конфронси байнулмилалии оби Душанбе тасдиқ шуд

Рӯзи 26 марти соли 2015 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи навбатии Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни ҷаласа, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷуҳи вакилон оид ба рафти омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба […]

ASIA-Plus



Рӯзи 26 марти соли 2015 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи навбатии Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни ҷаласа, намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷуҳи вакилон оид ба рафти омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 ( 9-11 июни соли ҷорӣ, Душанбе) маълумоти муфассал манзур намуд.

Гуфта мешавад, қайд карда шудааст, ки дар Конфронс намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СММ, сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, ҷомеаҳои соҳибкорӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи маданӣ, ҳамчунин олимон ва коршиносон иштирок хоҳанд кард.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси Ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле таъйид намудааст, ки дар кори конфронси байналмилалии Душанбе ҳайати баландпояи Парлумони Аврупо иштирок хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.