Намоишгоҳи «Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон» дар Душанбе

Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо ҳайати ПСС Афғонистон таҳти сарварии ноиби президенти Палатаи кишвари ҳамсоя Хон Ҷон Алоказай дар Душанбе оид ба дар моҳи августи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор намудани намоишгоҳи «Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон» тавофуқ ҳосил шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар […]

ASIA-Plus



Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо ҳайати ПСС Афғонистон таҳти сарварии ноиби президенти Палатаи кишвари ҳамсоя Хон Ҷон Алоказай дар Душанбе оид ба дар моҳи августи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор намудани намоишгоҳи «Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон» тавофуқ ҳосил шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ намуда, зикр гардид, ки ахиран шумори соҳибкорони афғон дар бозори Тоҷикистон афзуда, айни замон дар кишвари мо 85 адад корхонаҳои Афғонистон фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 106 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 ба андозаи 10,8% камтар аст. Дар ҳаҷми муомилоти молии соли гузашта миёни кишварҳо каме бештар аз 52 млн. доллари ИМА ба воридоти молҳои Афғонистн ба Тоҷикистон рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.