Ҳалок ва захмӣ шудани муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург

Дар ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петербурги Русия афроди номаълум муҳоҷири 16-солаи тоҷикро кушта, боз як ҳамроҳи ӯ – муҳоҷири тоҷики 19-соларо захмӣ кардаанд. Бино ба иттилои хабаргузории Neva.Today аз нақли муҳоҷири захмишуда, се нафар афроди ношинос назди онҳо омада, пул талаб мекунанд ва  бо ин сабаб миёни онҳо муноқиша рух дода, дар ҷараёни он яке аз […]

ASIA-Plus



Дар ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петербурги Русия афроди номаълум муҳоҷири 16-солаи тоҷикро кушта, боз як ҳамроҳи ӯ – муҳоҷири тоҷики 19-соларо захмӣ кардаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории

Neva.Today

аз нақли муҳоҷири захмишуда, се нафар афроди ношинос назди онҳо омада, пул талаб мекунанд ва  бо ин сабаб миёни онҳо муноқиша рух дода, дар ҷараёни он яке аз онҳо кордро гирифта, ба муҳоҷирон дарафтодааст.

Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ба зодагони Тоҷикистон се нафар дарафтодаанд, ки дар натиҷа яке ҳалоку дигарӣ бо захми вазнин ба бемористон мунтақил шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мақомоти пулиси ноҳияи Киров ҷинояткоронро мавриди ҷустуҷӯ қарор дода, аз рӯи ин далел парвндаи ҷиноӣ боз шудааст. Зикр мегардад, ки мақомоти пулис ҷавони 20-солаи славянитаборро ҷустуҷӯ доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.