Рӯзи 31 март муовини аввали раиси ҳукумат, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия, раиси амалкунандаи САҲА Ивитса Дачич бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, рӯзҳои 1-2 апрел вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД ба Душанбе меоянд.
Рӯзҳои 1-2 апрел намояндаи махсуси Котиби генералии СММ, директори Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда Мирослав Енча низ аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Гуфта мешавад, сафари муовини дабири кулли САҲА, директори Маркази пешгирии низоъҳо Адам Кобератски ба Тоҷикистон низ рӯзҳои 1-2 апрел пешбинӣ шудааст.



