Тадбирҳои ВКД оид ба пешгирии майли беҳад зиёди занони тоҷик ба сарулибоси бегона

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори Вазорати корҳои дохилии ҶТ доир ба иҷрои  дастуру супоришҳои президенти мамлакат вобаста ба пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни суханронӣ дар ҷаласа муовини аввали вазир Абдураҳмон Аламшозода чунин иброз дошт: «Ба ҳамагон маълум аст, […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар толори Вазорати корҳои дохилии ҶТ доир ба иҷрои  дастуру супоришҳои президенти мамлакат вобаста ба пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни суханронӣ дар ҷаласа муовини аввали вазир Абдураҳмон Аламшозода чунин иброз дошт: «Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад».

Гуфта мешавад, дар рафти ҷаласа як қатор сардорони раёсат ва шӯъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ оиди иҷрои дастуру супоришҳои президент ва вазири корҳои дохилӣ вобаста ба пешгирии урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллӣ ва бурдани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ин самт ҳисобот доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар хотимаи ҷаласа Абдураҳмон Аламшозода ба сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мазкур ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.