Э.Раҳмон И.Каримовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик кард



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти амалкунандаи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Ислом Каримов ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита зикр мегардад, ки «мо ин муждаро бо изҳори қаноатмандӣ қабул намуда, аз нав интихоб шудани Шумо далели эътимоди воло ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи дар самти рушди ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон равонашудаи Шумо, таҳкими иқтидору баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми он мебошад».

Дар барқия изҳори итминон мешавад, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон омили муҳими таъмини амният ва субот дар минтақа, ҷавобгӯи манфиатҳои бунёдии кишварҳо ва халқҳои ҳарду кишвар гардида, бо намунаҳои нави ҳамкориҳои судманд ғанӣ мешаванд ва Тоҷикистон барои анҷом додани ин кори хайр комилан омода буда, тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ медиҳад.

«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, иҷозат фармоед ба Шумо саломатии бардавом, умри бобаракат ва саодатмандӣ орзу намуда, дар ин мақоми пурмасъулияти Шумо-Сарварии Ӯзбекистони бародарӣ дар оянда комёбӣ ва дастовардҳои навро таманно намоям», – омадааст дар фарҷоми барқия.

Қобили зикр аст, ки Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон рӯзи 30 март натиҷаҳои пешакии интихоботи президенти Ӯзбекистонро эълон кард. Президенти амалкунандаи Ӯзбекистон Ислом Каримов бо касби 90,39%-и овозҳо пирӯз шуд. Дар маъракаи интихоботии мазкур 18,942 млн. нафар (зиёда аз 90%) шаҳрвандони Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

spot_imgspot_img

Популярное