Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умедҷон Мирзоевро ба қатли шаҳрванди Русия гунаҳкор дониста, ӯро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ин ҷиноят дар қаламрави Русия содир гардид.
Бино ба иттилои
сомонаи
Прокуратураи генералии Русия, моҳи октябри соли 2013 мақомоти тафтишоти шаҳри Митишии вилояти Маскав аз рӯи далели дарёфти ҷасади як мард бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар деҳаи Аксаковои ноҳияи Митиши, мутобиқи моддаи 105, қ. 1-и КҶ Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.
Дар ҷараёни тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ ба содир шудани ин ҷиноят даст доштани Умедҷон Мирзоев муайян карда шуда, нисбати ӯ ғоибона айбнома пешниҳод ва моҳи январи соли 2014 ӯ мавриди ҷустуҷӯ эълон гардид.
Ҳангоми баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Умедҷон Мирзоевро дар қаламрави ҷумҳурӣ боздошт намуданд.
Бо назардошти шаҳрванди Тоҷикистон будани У.Мирзоев, ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Русия супурдани ӯ ғайриимкон буд ва аз ин рӯ, парвандаи ҷиноии ӯ ба Тоҷикистон ирсол гардида, дар ватанаш баррасӣ шуд.



