Имзои Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия



Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалиро муҳокима намуда, аҳамияти амалиёти муташаккилона ва ҳамоҳангшудаи ҳарду кишварро дар таъмини амнияту субот дар минтақа таъкид намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин аз ҳолати мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобила изҳори қаноатмандӣ намуда, таҳкиму густариш ёфтани муносибатҳои фарогири миёни Тоҷикистону Русияро дар ҳамаи самтҳо  қайд карданд ва дар ин ҷода нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳо, ки ҷаласаи навбатии он моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуд, махсусан таъкид гардид. 

Ба иттилои манбаъ, дар тақвияти муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба, ҷонибҳо оид ба роҳҳои ҳалли як қатор масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта ибрози назар карда, изҳори бовар шуд, ки мулоқоти мазкур ҷиҳати идомаи раванди мусбии робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Русия такони нав бахшида, муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба ва ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму густариш мебахшад.

Зимнан зикр мегардад, ки мулоқот дар фазои гарму созгор доир гардида, дар анҷоми он Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои соли 2015 ба имзо расонида шуд.

spot_imgspot_img

Популярное