Имзои Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалиро муҳокима намуда, аҳамияти амалиёти муташаккилона ва ҳамоҳангшудаи ҳарду кишварро […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалиро муҳокима намуда, аҳамияти амалиёти муташаккилона ва ҳамоҳангшудаи ҳарду кишварро дар таъмини амнияту субот дар минтақа таъкид намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин аз ҳолати мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобила изҳори қаноатмандӣ намуда, таҳкиму густариш ёфтани муносибатҳои фарогири миёни Тоҷикистону Русияро дар ҳамаи самтҳо  қайд карданд ва дар ин ҷода нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳо, ки ҷаласаи навбатии он моҳи марти соли ҷорӣ баргузор шуд, махсусан таъкид гардид. 

Ба иттилои манбаъ, дар тақвияти муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба, ҷонибҳо оид ба роҳҳои ҳалли як қатор масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта ибрози назар карда, изҳори бовар шуд, ки мулоқоти мазкур ҷиҳати идомаи раванди мусбии робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Русия такони нав бахшида, муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба ва ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму густариш мебахшад.

Зимнан зикр мегардад, ки мулоқот дар фазои гарму созгор доир гардида, дар анҷоми он Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои соли 2015 ба имзо расонида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.