Қабули изҳорот дар бораи 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ дар ҷаласаи Шӯрои ВКХ СААД

Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар кори ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Э.Налбандян, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус В.Макей, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Е.Идрисов, Вазири корҳои хориҷии […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар кори ҷаласа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Э.Налбандян, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус В.Макей, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Е.Идрисов, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Э.Абдилдаев, Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавров ва Котиби генералии СААД Н.Бордюжа иштирок карданд. Дар ҷаласа ба ҳайси даъватшудагон Раиси амалкунандаи САҲА, Муовини аввали Сарвазир ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия И.Дачич ва Сарвари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ М.Енча ширкат варзиданд.

Сарварони идораҳои сиёсати хориҷии СААД Изҳоротро дар бораи 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-1945 қабул намуданд. Дар ҷаласа инчунин масоили таҳкими ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногуни амният дар минтақаи масъулияти СААД, аз ҷумла оид ба татбиқи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД “Дар бораи расонидани кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мустаҳкамгардонии сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон” аз 23 сентябри соли 2013 мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҳамчунин масъалаи  тақвияти ҳамкориҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ бо назардошти равандҳои дар Афғонистон суратгиранда баррасӣ гардид.

Аз рӯи натиҷаи кори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД қарорҳои марбут ба фаъолияти минбаъдаи Шӯро қабул гашта, лоиҳаи қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ҳамоҳанг карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.