Судя Алпомиш Акбаров, ки раёсат дар «парвандаи иқтисодӣ»-и Зайд Саидовро ба уҳда дошт, бинобар сабаби беморӣ аз мурофиаи мазкур барканор шуда, аз ин ба баъд раёсат дар парвнадаи мазкур ба дӯши судя Мирзо Каримов вогузор шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд.
Қобили зикр аст, ки санаи 6-уми феврал соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ба Суди олии ҶТ муроҷиатнома ирсол намуда,
шарт гузошт
,
ки мурофиаи нави судӣ оид ба баррасии парвандаи ӯ бояд ба таври кушода ҷараён гирад. Дар муроҷиатномаи худ Зайд Саидов изҳор кард, ки мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи «иқтисодӣ»-и ӯ бояд таври кушода дар толори суд гузаронида шавад.
Адвокат соҳибкор Исҳоқ Табаров қайд карда буд, ки дар муроҷиатномааш Зайд Саидов зикр мекунад, ки парвандаи пешини ӯ таҳти муҳри махфӣ қарор дошт. «Парвандаи ҳозира бошад, иқтисодӣ аст ва ӯ тақозо дорад, ки зимни баррасии он ҳуқуқҳояш ва ҳамчунин ҳуқуқҳои шахсоне, ки бояд дар толори суд ҳузур дошта бошанд ва намояндагони ВАО поймол карда нашаванд», – таъкид дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки 12 феврал
мурофиаи нахуст
оид ба баррасии парвандаи нави «иқтисодӣ»-и Зайд Саидов баргузор шуд. Он замон судяи Суди олӣ Алпомиш Акбаров изҳор намуда буд, ки мурофиа кушода аст, вале бинобар сабаби танг будани толор, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар он иштирок карда наметавонанд.
«Ин парванда аз 75 ҷилд иборат буда, мутобиқи моддахои 245 ((Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 262 (Ба миқдори калон қонунӣ гардонидани маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардашуда), 292 (Ба миқдори махсусан калон саркашӣ намудан аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ), 314 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ), 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ боз шудааст», – қайд карда буд И.Табаров.
Соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.
Моҳи июли соли гузашта дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.



