Нахустнамоиши филми «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» дар Душанбе

Дар толори кинотеатри «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт нахустнамоиши филми тоҷикии «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» доир гардид. Драмаи мусиқиву мазҳакавии «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ наворбардорӣ шудааст. Коргардони филм Баҳром Сайфиддинов мебошад. Дар маросими нахустнамоиши филм коргардон Баҳром Сайфиддинов ба сарпарастон – ширкати «Лото спорт» ва ҶДММ «Тоҷпронполимер» ва ҳамчунин барои […]

Аъзам Аҳруллоев



Дар толори кинотеатри «Кохи Ҷомӣ»-и пойтахт нахустнамоиши филми тоҷикии «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» доир гардид.

Драмаи мусиқиву мазҳакавии «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф» дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ наворбардорӣ шудааст. Коргардони филм Баҳром Сайфиддинов мебошад.

Дар маросими нахустнамоиши филм коргардон Баҳром Сайфиддинов ба сарпарастон – ширкати «Лото спорт» ва ҶДММ «Тоҷпронполимер» ва ҳамчунин барои кумак ба сокинони деҳаи Вешаб миннатдорӣ изҳор намуд.

Ӯ ҳамаи актёрон, оҳангсоз ва дигар шахсонеро, ки дар наворбардории филм саҳм гузоштанд, муаррифӣ намуд.

Нақшҳои асосӣ дар филми мазкурро Фарҳод Холҷонов (Ворис) ва Савлатмоҳ Ҳақназарова (Моҳпарӣ) бозида, ҳамчунин ҳунармандон Нурулло Абдуллоев, Ҷумъахон Сироҷов, Дилбар Умарова, Гулсара Абдуллоева, Амина Табарова, Фатҳулло Абдуллоев ва Карим Ғафуров низ дар ин филм нақш офаридаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.