Дар шаҳри Хуҷанд имрӯз шабакаи нави радиои «Шаҳри ман» ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Корманди шабакаи радиои мазкур Наталя Яқубова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон барномаҳои радио тариқи озмоишӣ пахш шуда, бо забони тоҷикиву русӣ таҳия карда мешаванд.
«Ба кор дар шабакаи радиои «Шаҳри ман» ҳамчунин донишҷӯён низ ҷалб карда мешаванд, ки дар мавзӯъҳои бахшҳои тибу варзиш ва фарҳанг барномаи радиоӣ омода мекунанд», – гуфт ӯ ва таъкид дошт, ки барномаҳои радиои «Шаҳри ман» дар мавҷи 97,7 тамоми шабонарӯз пахш хоҳанд шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар вилояти Суғд 12 шабакаи телевизионӣ (аз ҷумла 1 шабакаи давлатӣ), 10 шабакаи радио (1-тоаш давлатӣ) фаъолият дошта, 48 адад номгӯи газетаҳо (21 номгӯй давлатӣ) ва 6 маҷалла (1-тоаш давлатӣ) нашр мешаванд.



