Ба роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Кувайт 20 сол пур шуд

Имрӯз, 2 апрел дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба муносибати 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Давлати Кувайт ва Тоҷикистон маросими қабули ботантанаи расмӣ доир мегардад. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар чорабинӣ ба ин муносибат ходимони давлатии Тоҷикистон, дипломатҳои хориҷӣ ва ҳамчунин меҳмонон аз Кувайт […]

Мавзуна Абдуллоева



Имрӯз, 2 апрел дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба муносибати 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Давлати Кувайт ва Тоҷикистон маросими қабули ботантанаи расмӣ доир мегардад.

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар чорабинӣ ба ин муносибат ходимони давлатии Тоҷикистон, дипломатҳои хориҷӣ ва ҳамчунин меҳмонон аз Кувайт иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳунарнамоии сарояндаи маъруф Нигина Амонқулова ва оркести симфониву ҷази Муассисаи давлатии «Базморо» дар чорабинӣ табъи иштирокдорону меҳмононро болида хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Кувайт ба Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Дар барқияи табрикии Эмолалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки 20 сол марҳалаест, ки шоҳиди саъю кӯшишҳои бедареғи ҳар ду ҷониб гашта, натиҷаву самараи он дар роҳандозии муносибатҳои дуҷониба ва муколамаи сиёсии сатҳи баланди ду кишвар якҷо бо мавқеъгириҳои муштарак нисбат ба қазияву навгониҳои байналмилалӣ таҷассум меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.